Май 17, 2019 18:59 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ниҳодҳои амниятии Амрико бар хилофи иддаоҳои зиддиэронии Кохи Сафед

Ниҳодҳои амниятии Амрико тавҷеҳи мақомҳои давлати ин кишвар дар бораи таҳаррукоти Вашингтон дар минтақаи ғарби Осиёро, шомили эъзоми нов ва бомбафканҳо бо тавассул ба он чӣ, ки «таҳдидоти Эрон» хонд, рад кардаанд.

Ба гузориши «Дейли бист», дар идомаи мухолифатҳои дохилӣ дар Амрико бо ташдиди танишофариниҳои ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё ниҳодҳои амниятии Амрико зимни радди мавозеи давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ин гуна арзёбӣ карданд, ки иқдомоти Эрон дар посух ба таҳаррукоти давлати Амрико будааст. Дар ин гузориш бо ишора ба иттилооти маҳрамонаи мавҷуд дар бораи таҳаввулоти ҷории минтақа ва иқдомоти Эрон эътироф шуд, ки далели иқдомоти ҷадиди Теҳрон дар қиболи БарҶОМ ва минтақа таҳаррукоти таҳоҷумии Вашингтон будааст.

Иддаоҳои мақомҳо ва расонаҳои амрикоӣ дар бораи «таҳдидоти Эрон» алайҳи нерӯҳо ва манофеи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё дар ҳоле матраҳ шуда, ки масъулони эронӣ эълом кардаанд, Теҳрон қасди даргирӣ бо ҳеҷ касеро надорад, аммо бо қудрат ба ҳар гуна ҳамлаи низомӣ посух дода ва аз манофеи худ дифоъ хоҳад кард.

 

Барчасп