Фурӯши акси қадимии Макка дар Лондон ба қимати 250 ҳазор доллар
(last modified 2019-05-18T15:13:53+00:00 )
Май 18, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши акси қадимии Макка дар Лондон ба қимати 250 ҳазор доллар

Акси қадимии Маккаи мукаррама дар музоядае дар Лондон ба қимати 250 ҳазор доллар ба фурӯш расид.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник” – и арабӣ, ин акс аз Маккаи мукаррама, ки ба соли 1888 мелодӣ бозмегардад, дар як музояда дар Лондон фурӯхта шуд.

Ин акс асари Кристиан Снук Ҳюргроне, шарқшиноси нидерландӣ буд, ки дар он замон ба унвони корманд дар консулгарии Нидерланд дар шаҳри Ҷидаи Арабистон фаъолият мекард.

Ин шарқшиноси нидерландӣ дар ҳавзаи забони арабӣ ва мутолеоти исломӣ таҳсил карда ва таълифоте дар бораи Макка доштааст.

Ӯ натанҳо аз маконҳои мухталифи Макка аксбардорӣ кардааст, балки садои намозгузоронро ҳам забт кардааст.

Ҳюргроне нахустин муҳаққиқи ғарбӣ ба шумор меравад, ки ба Макка сафар карда ва гуфта мешавад дар масири анҷоми пажӯҳишҳо ва таҳқиқоти илмиаш ба дини Ислом гиравидааст.