Май 19, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Чин ба иқдомоти Амрико алайҳи Эрон

Вазири умури хориҷаи Чин дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Амрико ба иқдомоти Вашингтон алайҳи Эрон эътироз кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Ван Йи вазири умури хориҷаи Чин дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои амрикоиаш Майк Пампео ба иқдомоти ахири Вашингтон алайҳи Эрон эътироз карда ва аз Амрико хостааст, то иқдомотро аз ҳад нагузаронад.

Вай ҳамчунин ба Пампео гуфта, ки иқдомот ва изҳороти ахири Амрико ба манофеъи Чин ва ширкатҳои ин кишвар осеб расондааст ва Вашингтон бояд хештандорӣ кунад.

Ван Йи гуфт, ки Пекин ҳамчунон тамоюл дорад, то ихтилофоти тиҷорӣ бо Амрико аз тариқи музокирот ҳал шавад, аммо ин мавзӯъ бояд бо гомҳои баробар анҷом шавад.

Вазири умури хориҷаи Чин дар бораи мавзӯъи афзоиши танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон таъкид кард, ки Пекин умедвор аст ду тараф аз худ хештандорӣ нишон диҳанд ва бо эҳтиёт рафтор кунанд, то аз ташдиди танишҳо пешгирӣ шавад.

Танишҳо миёни Эрон ва Амрико дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфта, агар чи раиси ҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки ӯ намехоҳад вориди даргирии низомӣ бо Эрон шавад.

Чин аз муштариёни нафти Эрон буда ва борҳо ба таҳримҳои ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон эътироз карда ва мухолифати худ бо иқдоми Вашингтон алайҳи Эрон ва хуруҷи якҷониба аз тавофуқи ҳастаиро эълом кардааст.

 

 

Барчасп