Ибрози таассуфи Амрико аз куштани 62 сарбози сурӣ
(last modified Sun, 18 Sep 2016 13:57:38 GMT )
Сентябр 18, 2016 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Амрико аз куштани 62 сарбози сурӣ

Давлати Абама нисбат ба бомбаборони мавозеи артиши Сурия ва кушта шудани 62 низомии ин кишвар дар ҳамлаи ҷангандаҳои нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Вашингтон, ибрози таассуф кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "Алолам", ба нақл аз расонаҳои Амрико, як мақоми баландпоя дар давлати Абама хотирнишон кард, Вашингтон аз кушта шудани ғайриамдии 62 сарбози Сурия дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико мутаассиф ва пушаймон аст.  

 Ба гузориши хабаргузории "Анатолий", чанд соат қабл аз ибрози таассуфи мақомоти ҳукумати Абама, фармондеҳии марказии нерӯҳои Амрико бо интишори баёнияе эълом кард, ин ҳамлаи ҳавоӣ ба ҳадафи ҳамла ба мавозеи ДИИШ сурат гирифта ва Амрико ҳаргиз қасди ҳадаф қарор додани нерӯҳои Сурияро надорад.

Бомдоди дирӯз сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, ду ҷангандаи " F-16" ва ду ҳавопаймои "A-10" мутааллиқ ба нерӯҳои эътилоф ба наздики фурӯдгоҳи Дайраззур ҳамла кардаанд. Дар ин ҳамла 62 низомӣ ва сарбози Сурия кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба думболи ҳамлаи Амрико, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард, аз ҳамалоти Вашингтон дар Сурия ин натиҷа гирифта мешавад, ки Кохи Сафед аз ДИИШ дифоъ мекунад.

Мария Захарова бо баёни ин мавзӯъ гуфт: "Агар қаблан тардидҳое дар хусуси иқдоми амрикоиҳо дар сарпӯш гузоштан бар фаъолиятҳои Ҷабҳаи Аннусра доштем, акнун пас аз ҳамлаи ахир ба артиши Сурия ба натиҷае ҳавлнок мерасем: Кохи Сафед аз ДИИШ ҳимоят мекунад".

Захарова афзуд, агар ин чунин бошад, шояд ҳамин амр далели мухолифати тарафи амрикоӣ бо интишори матни тавофуқи Русия – Амрико дар бораи Сурия аст.