Омили ҳамла ба масҷидҳои Крайстчерч ба иқдоми террористӣ муттаҳам шуд
(last modified Tue, 21 May 2019 07:01:35 GMT )
Май 21, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Омили ҳамла ба масҷидҳои Крайстчерч ба иқдоми террористӣ муттаҳам шуд

Полиси Зеландияи Нав омили ҳамла ба ду масҷид дар шаҳри Крайстчерч-ро, ки ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар мунҷар шуд ба иртикоби иқдоми террористӣ муттаҳам шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, полиси Зеландияи Нав рӯзи сешанбе Брантон Тарант-ро ба иртикоби иқдоми террористӣ дар ҳамлаи чанде пеш дар ду маҷсид дар шаҳри Крайстчерч муттаҳам кард.

Бино бар гузориши хабаргузории Спутник, ба ин тартиб дар ҷараёни додгоҳ, ки моҳи оянда баргузор мешавад ӯ илова бар иттиҳоми қатли амд ба иттиҳоми иртикоби иқдоми террористӣ ҳам муҳокима мешавад. Тарант 28 сола ва дорои миллияти австралияӣ аст. Вай ки иқдом ба тирпаронӣ ба суи намозгузоронро ба сурати зинда дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба намоиш гузошт пештар дар иртибот бо ин ҳамалот ба иттиҳоми қатл боздошт шуда буд.

Ду моҳ пеш , ҳамла ба ду масҷид дар Крайстчерч  камаш 50 кушта ва шуморе захмӣ бар ҷой гузошт Ҷасинда Ардерн (Jacinda Ardern) нахуствазири Крайстчерч  чанде баъд  дар паи ин ҳодиса қонуни манъи ҳамлу нигаҳдории силоҳҳои низомии нимахудкор ва мусалсалро ба маҷлис бурд.

Ҳамла ба масоҷиди шаҳри Крайстчерч  бо ҷамъияте ҳудуди 400 ҳазор нафар, маргбортарин тирпаронӣ дар таърихи Зеландияи Нав  ба шумор меравад. Ин амалиёти  террористӣ  бо маҳкумияти густардаи ҷаҳонӣ ру ба ру шуд.