Рябков: Комиссияи иҷроии БарҶом бояд зудтар ташкил шавад
(last modified 2019-05-22T15:57:41+00:00 )
Май 22, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Комиссияи иҷроии БарҶом бояд зудтар ташкил шавад

Муовини вазири хориҷаи Русия бар зарурати баргузории нишасти Комиссияи иҷроии БарҶом барои баррасии авзои перомуни БарҶом ва шунидани мавозеи тарафайн таъкид кард, дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, иқдомоти таҳрикомези Амрико дар минтақаи халиҷи Форс ҳамчунон идома дорад.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС эълом кард, зарурӣ аст то нишасти Комиссияи иҷроии Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳар чӣ зудтар баргузор шавад, ҳарчанд ҳанӯз таърихи қатъии он мушаххас нашудааст.

Вай гуфт: “Мо хостори баргузории ҳар чӣ зудтари ин нишаст ҳастем то гуфтугӯҳои шаффоф дар бораи иҷрои БарҶом оғоз шавад. Лозим аст то тарафайн чашм дар чашми якдигар сӯҳбат карда ва дарк кунанд, ки ба таври ҷамъӣ чӣ иқдомоте барои ҳифзи БарҶом лозим аст, анҷом гирад. Мутаассифона, феълан ҳамоҳангкунандаи Иттиҳоди Аврупо таърихи дақиқе барои баргузории ин нишасти мушаххас накардааст”.

Муовини вазири хориҷаи Русия ёдовар шуд, ки Амрико ва муттаҳидонаш бо иқдомоти таҳрикомез ба ташдиди вахомати авзоъ дар халиҷи Форс идома медиҳад ва умедвор аст, ки ин иқдомот билохира касонеро асабонӣ кунад.

Сергей Рябков ҳамчунин дар посух ба суоли дигаре эълом кард, ки Вашингтон амдан ба ирсоли алоими Маскав дар робита бо омодасозии террористҳо дар Сурия барои анҷоми иқдомоти таҳрикомез бо истифода аз силоҳҳои кимиёӣ вокунише нишон намедиҳад.

Вай афзуд: “Мо далоил ва шавоҳиде ҳокӣ аз омода шудани террористҳо дар Сурия барои анҷоми иқдомоти таҳрикомез бо истифода аз силоҳҳои кимиёӣ дар ихтиёр дорем. Вале ҷойи таассуф дорад, ки ин истидлолот ба таври амдӣ аз сӯйи шарикони амрикоии мо ва муттаҳидонаш нодида гирифта мешаванд”.

Ин дипломати баландпоя гуфт, ҳар иттифоқе бо истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Сурия бояд бидуни ҳеҷ барчасби хосе ва бар асоси шавоҳид ва далоили айнӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор бигирад. Дар ҳоле ки ин шурути замонӣ, ки Вашингтон саъй дар муттаҳам кардани мақомоти Димишқ дар ин робита дорад, аслан риоят намешаванд”.

Ба гуфтаи вай, иқдомоти кишварҳои ғарбӣ дар чорчӯби Созмони манъи истифода аз силоҳҳои кимиёӣ ба эътибори ин органи муҳими байналмилалӣ латма ворид мекунад. Рябков афзуд: “Мо моил нестем, ки Амрико ба иқдомоти ғайрисозандаи худ ба латма ворид кардан ба ин созмон, дар ҷиҳати аҳдофи сиёсии хоси худ идома диҳад”.

Муовини вазири хориҷаи Русия ҳамчунин ҳушдор дод, ки талош барои созмондеҳии кудатои давлатӣ дар Венесуэла ҳамчунон идома хоҳад дошт. Вай гуфт: “Мо ба шиддат мухолифи идомаи талошҳо барои иҷрои ин кудатои давлатӣ дар Венесуэла ҳастем, ки ошкоро бо ҳимояти давлати Амрико сурат мегиранд”.