Май 24, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомба дар намози ҷумъаи Кобул

Вазорати кишвари Афғонистон аз кушта шудани имоми ҷумъаи масҷиди шаҳри Кобул дар пайи инфиҷори як бомба дар баргузории маросими намози ҷумъа хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати кишвари Афғонистон гуфт, бар асари инфиҷори бомбае дар масҷиди “Аттақво” дар ноҳияи нуҳуми шаҳри Кобул, мавлавӣ Райҳон Бахтвар, имоми ҷумъаи ин масҷид кушта шуд ва 16 намозгузори дигар низ захмӣ шуданд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст, аммо гурӯҳи террористии ДИИШ пеш аз ин борҳо масоҷид ва маконҳои муқаддас дар Афғонистонро ҳадаф қарор додааст.