Хатари марг дар камини 600 ҳазор кудаки афғон
(last modified Sun, 26 May 2019 07:51:47 GMT )
Май 26, 2019 12:51 Asia/Dushanbe
  • Хатари марг дар камини 600 ҳазор кудаки афғон

Созмони Миллал эълом кард, ки ҳудуди 600 ҳазор нафар аз кудакони афғон аз шадидтарин навъи сӯитағзия ранҷ мебаранд ва бо хатари марг ру ба ру ҳастанд.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Кристуф Булирок сухангӯи Юнисеф Сандуқи ҳимоят аз кудакони Созмони Миллал, вазъияти инсонӣ дар Афғонистонро ба яке аз бадтарин фоҷеъаҳо дар кураи замин ташбеҳ кард ва гуфт, афзоиши хушунатҳо ва хушксолии шадиди соли гузашта садҳо ҳазор кудаки зери 5 соли афғонро дар шароити бисёр осебпазир қарор додааст.

Булирок афзуд, ду миллион кудак дар ин кишвар ҳастанд, ки аз сӯитағзияи ҳод ранҷ мебаранд ва дар ин миён 600 ҳазор  нафар ҳастанд, ки ба сӯитағзияи бисёр ҳод мубтало ҳастанд.

Ба гуфтаи ин мақоми Юнисеф кудаке, ки аз сӯитағзияи бисёр ҳод ранҷ мебарад ниёзманди дармони фаврӣ аст дар ғайри ин сурат имкони маргаш вуҷуд дорад, зеро эҳтимоли марги кудаки мубтало ба сӯитағзияи бисёр ҳод  11 баробар бештар аз кудакони солим аст.

Ба гузориши Созмони Миллал имсол 3 миллиону 800 ҳазор кудаки афғон ниёзманди ҳифозат ва дарёфти кумак ҳастанд ва ҳудуди 289 ҳазор нафар ба далели даргирӣ дар соли 2018 овора шуданд.

Вай бо ишора ба камбуди будҷет барои имдодрасонӣ ба ин кудакон гуфт, ки Созмони Миллал моил аст имсол то 60 дарсад аз ин кудаконро ҳимоят кунад, аммо кумак ба ин теъдод низ ба далели набуди будҷет мумкин нест.