Таъкиди Ҳинд бар азсаргирии воридот нафт аз Эрон
Дар ҳоле ки Амрико маофияти муваққати харидорони нафти Эронро тамдид накардааст, давлати ҷадиди Ҳинд бар азсаргирии воридоти нафт аз Эрон таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, як манбаи огоҳ имрӯз дар Вазорати нафти Ҳинд эълом кард, давлати ҷадиди ин кишвар ба дунболи баргузории ҳарчи зудтари музокирот бо Эрон барои оғози воридоти нафт бо истифода аз пули миллии ин кишвар барои убур аз таҳримҳои Амрико аст. Вай ки хост номаш фош нашавад, афзуд, давлати Ҳинд бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Амрико дар садад аст, то ба мизони маҳдуде аз Эрон нафт ворид кунад.
Чанде пеш Сушма Свараҷ, вазири умури хориҷии Ҳинд дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии Нав эълом карда буд, тасмимгирӣ дар хусуси воридоти нафт аз ин кишвар пас аз поёни интихоботи парлумонӣ анҷом хоҳад шуд.
Амрико чанде пеш дар идомаи сиёсатҳои зиддиэронияш эълом кард, ки маофияти харидорони нафти Эронро тамдид нахоҳад кард; тасмиме, ки бо мухолифату вокунишҳои манфии кишварҳои харидори нафти Эрон рӯ ба рӯ шудааст.