Май 31, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Киштии Саудӣ Фаронсаро бидуни силоҳ тарк кард

Дуввумин киштии саудиҳо дар Фаронса, пас аз эътирози фаъолони зидди ҷанг ва Мудофеъи ҳуқуқи башар,бидуни боргирии таслиҳот, ин кишварро тарк кард.

Ба гузориши Рейтерз, гурӯҳи Ҳуқуқи Башарии мавсум ба Иқдоми масеҳиён барои барандозии шиканҷа (ACAT) рӯзи ҷумъа эълом кард дар паи фишорҳо ва эътирозҳо, яке дигар аз киштиҳои Арабистони Саудӣ аз боргирии таслиҳот дар бандари Фусурмар дар ҷануби Фаронса манъ шуд.

Ин дуввумин муваффақияти фаъолони зидди ҷанги Фаронса дар пешгирӣ аз боргирии силоҳ барои киштиҳои Саудӣ дар бандари он кишвар аст.

Ду ҳафта пеш низ як киштии Саудӣ пас аз таҳдид дар бандари Луовр (2) и Фаронса бинобар надоштани иҷозати боргири ин бандаро бидуни боргирии таслиҳоти тарк кард.

Моҳи гузашта ёддошти таслиҳотии маҳрамона аз артиши Фаронса бинобар истифода аз таслиҳоти Фаронсавӣ дар ҷанги иттилофи Саудӣ Иморотӣ алайҳи Яман фош шуд.

Ҳамчунин гурӯҳи ҳуқуқи Башарии Экот (ACAT) додхостеро ба додгоҳи марказии Парис барои тавақуфи содироти таслиҳоти фаронсавӣ ба режими Саудӣ ироа кардааст.