Гум шудани даҳҳо миллион доллар дар Афғонистон
Созмони бозрасии Амрико аз гум шудани даҳҳо миллион доллар дар Афғонистон аз соли 2012 токунун хабар дод.
Ба нақл аз ИРНО, идораи бозрасии умумии Амрико барои бозсозии Афғонистон мавсум ба Сигор эълом кард дар ҳафт соли ахир 63 миллион доллар аз кумакҳои Вашингтон ба донишгоҳҳои амрикоии Афғонистон гум шудаанд.
Бино бар гузориши идораи бозрасии Амрико барои ҳар донишҷӯи афғон дар донишгоҳи амрикоӣ дар давраи чаҳорсолаи коршиносӣ ҳудуди 126 ҳазор доллар ҳазина шудааст.
Ҷон Сапко бозраси вижаи Амрико ба рӯзномаи Нию-Йорк Таймз мегуяд, дар давраи ҳафт солаи баррасии қарордодҳои давлатӣ ва дарёфткунандагони кумакҳои Амрико дар Афғонистон донишгоҳи амрикоии ин кишвар бадтарин мавридест, ки дидаам.
Дар айни ҳол Девид Сиднӣ аз муовинони пешини Вазорати дифои Амрико ва раиси пешини донишгоҳи амрикоии Афғонистон, ки акнун раиси ҳайъати илмии ин донишгоҳ аст ба Нию-Йорк Таймз гутф, пул дар донишгоҳи амрикоӣ гум нашуда ин як донишгоҳи ғайри интифоӣ аст ва тамомии кумакҳои дарёфтӣ аз ҳукумати Амрикоро масраф кардааст.
Донишгоҳи амрикоии Афғонистон як донишгоҳи мустақили ғайри қонунӣ ба забони англисӣ аст, ки дар соли 2006 дар Кобул ба сабки колеҷҳои амрикоӣ таъсис шуд ва дар он ҳудуди 1700 донишҷӯ дар давраҳои коршиносӣ ва коршиносии аршад аз ҷумла дар риштаҳои мудирият, кампютер, улуми сиёсӣ ва ҳисобдорӣ дар ҳоли таҳсил ҳастанд.
Бархе хатмкунундагони ин донишгоҳ дар мақомҳои аслии давлати Афғонистон машғул ба кор мешаванд.