Июн 02, 2019 11:55 Asia/Dushanbe
  • Тулонитарин дастархони ифтори ҷаҳон дар Миср

Тулонитарин дастархони ифтори ҷаҳон дар Миср пазирои ҳафт ҳазор мусалмони рӯзадор буд.

Ба нақл аз Спутник, ин дастархони 3 километрӣ, ки дар пойтахти нави Миср густаронида шуд дар китоби рекордҳои Генис ба унвони бузургтарин дастархони ифтори ҷаҳон ба сабт расид.

Холид Алҳасанӣ сухангӯи ширкати сохти пойтахти нави идории Миср дар ин бора гуфт, ин тарҳ бо ҳадафи гирди ҳам омадани мисриҳо аз фирқаҳо ва тоифаҳои мухталиф гирди дастархони ифтор баргузор мешавад.

Пойтахти нави идории Миср, як шаҳри бузург дар 45 километрии шарқи Қоҳира аст, ки сохти ин пойтахт дар марти соли 2015 дар иҷлоси иқтисодии Шармул Шайхи  Миср эълом шуд.

Рекорди қаблӣ мутаъаллиқ ба кишвари Амороти Муттаҳидаи арабӣ буд, ки дастархоне ба тули 2 километр ва 900 метр паҳн карда буд.

 

Барчасп