Июн 06, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти иқтисодии байналмилалии Санкт Петербург бо ҳузури Эрон

23-юмин нишасти байналмилалии иқтисодии Санкт Петербург аз имрӯз (панҷшанбе), бо ҳузури мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии беш аз 140 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон оғоз шуд.

Дар нишасти байналмилалии се рӯзаи Санкт Петербург, даҳҳо конфаронси иқтисодӣ ва расонаӣ баргузор мешавад ва беш аз 14 ҳазор нафар аз ҷумла масъулони аршади кунунӣ ва пешини кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои мухталиф ҳузур доранд.

Баррасии масоили муҳим ва чолишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, авзои Сурия, Венесуэла, Кореяи Шимолӣ, ояндаи ҷаҳон ва равобити байни кишварҳо аз ҷумлаи меҳварҳои суханронии Си Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ин ҳамоиш аст .

Раиси Сандӯқи байналмилалии Пул ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз дигар мақомҳои ширкаткунанда дар ҳамоиши Санкт Петербург ҳастанд.

Нишасти расонаҳои ҷаҳон аз дигар рӯйдодҳои муҳими ҳамоиши иқтисодии байналмилалии Санкт Петербург аст.

Дар чорчӯби ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт Петербург, гуфтугуҳои тиҷорӣ миёни намояндагони кишварҳои Эрон, Италия, Фаронса, Финланд, Чин, Ҳинд ва кишварҳои африқоӣ баргузор мешавад.

Дар конфронсҳои дигари ин ҳамоиш, мавзуоте ҳамчун бакоргирии ҳуши маснуъӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, фанновариҳои пешрафта дар тиҷорат ва мудирият, матраҳ ва баррасӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп