Июн 08, 2019 19:45 Asia/Dushanbe
  • Муҳимтарин маъмурияти нахуствазири Ҷопон дар сафар ба Эрон

Рӯзномаи “Таймс Ҷопон” муҳимтарин маъмурияти нахуствазири ин кишварро дар сафари зудҳангомаш ба Эрон шарҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи “Таймс Ҷопон” имрӯз - шанбе навишт, Шинзо Обе, нахуствазир дар сафари наздикҳангоми худ ба Эрон, бар аҳамияти тавофуқи ҳастаии соли 2015 –и мелодӣ таъкид хоҳад кард.

Ин рӯзнома бо ишора ба нақши Обе дар костан аз танишҳо афзуд, дар чиҳил соли гузашта нахустин бор аст, ки як нахуствазири Ҷопон ба Эрон сафар мекунад.

Ба навиштаи ин рӯзномаи ҷопонӣ, Ховари Миёна манбаи муҳими таъминкунандаи нафт барои Ҷопон аст ва ин минтақа ва ба хусус тангаи Ҳумуз ва суботи он барои Токио бисёр боаҳамият аст ба ҳамин далел Ҷопон талош мекунад то субот ва амнияти минтақа ҳифз ва аз рӯёрӯии низомӣ парҳез шавад.

Давлати Ҷопон ба сурати расмӣ эълом кардааст, нахуствазири ин кишвар 12 –уми июн ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

 

Барчасп