Тъкиди Путин бар таҷдиди назар дар нақши доллар дар тиҷорати ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44329-Тъкиди_Путин_бар_таҷдиди_назар_дар_нақши_доллар_дар_тиҷорати_ҷаҳонӣ
Руйкарди Амрико дар бораи истифода аз ҷойгоҳи доллар дар тиҷорат ва молияи байналмиллалӣ барои нил ба аҳдофи худ, муҷиби афзоиши дархостҳо ва иқдомот аз ҷониби бисёре аз кишварҳо барои тағйири ин вазъият шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 08, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Тъкиди Путин бар таҷдиди назар дар нақши доллар дар тиҷорати ҷаҳонӣ

Руйкарди Амрико дар бораи истифода аз ҷойгоҳи доллар дар тиҷорат ва молияи байналмиллалӣ барои нил ба аҳдофи худ, муҷиби афзоиши дархостҳо ва иқдомот аз ҷониби бисёре аз кишварҳо барои тағйири ин вазъият шудааст.

Дар ин росто Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа 7 июн бо ишора ба ин ки давлати Амрико аз доллар ба унвони абзори фишор истифода мекунад, хостори таҷдиди назар дар нақши доллар шуд.

Раиси ҷумҳури Русия, ки дар ҳамоиши байналмиллалии Санкт-Петербург суханронӣ мекард гуфт, Амрико ба дунболи он аст, ки сайтараи худро ба тамоми дунё густариш диҳад. Путин пеш аз ин ҳам иқдоми давлати Амрико дар иҷрои маҳдудиятҳое алайҳи мубодилоти доллариро иштибоҳ тавсиф карда ва гуфта буд чунин сиёсате эътимод ба доллар ба унвони арзи захираиро тазъиф хоҳад кард.

Чанд рӯз пеш Максим Орешкин вазири тавсеаи иқтисодии Русия бо баёни ин ки доллар ба тадриҷ ҷойгоҳи худро ба унвони арзи марҷаъ дар ҷаҳон аз даст медиҳад гуфт, ки Маскав раванди долларзудоиро оғоз кардааст. Дар ҳамин росто раисони  ҷумҳури Чин ва Русия рӯзи чаҳоршанбеи гузашта барои коҳиши таъсироти манфии таҳримҳои Амрико қарордоде имзо карданд, ки ба муҷиби он доллар аз мубодилоти тиҷории ду кишвар ҳазф мешавад. Тибқи ин тавофуқ мубодилоти ду кишвар  аз ин пас бо арзи миллии рубл ва  юан анҷом хоҳад шуд. Ин масъала бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи Чин ба унвони дувумин қудрати иқтисодии ҷаҳон ва мавқеияти Русия ба унвони рақиби аслии сиёсӣ ва низомии Амрико бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Ин ду қудрати байналмиллалӣ хоҳони чанд ҷонибагароӣ дар арсаи байналмиллалӣ ва мухолифи якҷонибагароии Амрико ҳастанд.

Антонио Гутереш Дабири кулли Созмони Миллал бо ишора ба нақши бисёр муҳими Русия дар ҳимоят аз чанд ҷонибагароӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид изҳор дошт, Русия дар арсаи байналмиллалӣ як бозигари ҳаётӣ аст.

Иқдомот ва сиёсатҳои якҷонибагароёна ва зӯрмандонаи Амрико дар давраи раёсат ҷумҳурии Доналд Трамп ба вижа иҷроии таҳримҳо алайҳи рақибон ва душманони Амрико ва таҳдид ба таҳрим ҳатто алайҳи муттаҳидони Амрико боис шуда то бисёре аз давлатҳо ва ҳатто шарикони аврупоии Амрико ба интиқод аз сӯистифодаи Вашингтон аз таҳримҳо ва истифода аз доллар ба унвони абзоре барои иҷрои фишор ба дигар кишварҳо бипардозанд. Ин руйкард бисёре аз давлатҳоро ба ин ҷамъбандӣ расондааст, ки ба наҳве вобастагии худ ба системи молии Амрико ва долларро коҳиш диҳанд. Ба ҳамин далел бисёре аз кишварҳо аъам аз рақибон ва муттаҳидони Амрико тадбирҳо ва иқдомотеро барои канор гузоштани доллар ва истифода аз дигар арзҳо дар мубодилоти хориҷии худ дар пеш гирифтаанд. Ин масъала муҷиби коҳиши саҳми доллар дар захираҳои пулии байналмиллалӣ ва афзоиши саҳми дигар арзҳо монанди евра шудааст.

Ба гуфтаи Виктория Крвомбер коршиноси сиёсӣ, Созмони Миллал бо таваҷҷуҳ ба хатароти иқтисодии иттако ба доллари Амрико ба унвони танҳо воҳиди захираи арзӣ, аз кишварҳо хостааст то барои шаклгирии як воҳиди нави захираи арзӣ дар ҷаҳон талош кунанд.

Амрико аз вобастагии ширкатҳо ва бонкҳо ва сиёстеми молии байналмиллалӣ ба доллар ба унвони аҳруме барои водоштани дигарон барои пайравӣ аз хостаҳои ин кишвар ва ё мумониат аз онҳо дар пайгирии сиёсатҳо ва иқдомоте, ки мавриди дилхоҳи Вашингтон нест сӯистифода мекунад. Ончи ин равандро тасриъ карда тасмими Трамп барои эҳёи таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон баъд аз хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ буд. Давлати Трамп мудом  ширкатҳо ва ё муассисоти молӣ ва бонкҳое, ки бо Эрон робитаи тиҷорӣ ва молӣ дошта ва ё қасди анҷоми он дошта бошандро таҳдид ба муҷозот мекунад.

Сиёсати Амрико, ки метавон онро сиёсати тарс ва иҷрои фишор алайҳи дигар кишварҳо бо абзори доллар ва мубодилоти молӣ номид, муҷиб шуда то мавҷе ҷаҳонӣ барои коҳиши вобастагӣ ба доллар ва истифода аз арзҳои ҷойгузин ба роҳ биафтад, ки натиҷаи ниҳоии он коҳиши қобили таваҷҷуҳи нақши доллар дар молия ва тиҷорати ҷаҳонӣ хоҳад буд.