Июн 09, 2019 09:51 Asia/Dushanbe
  • Яксонсозии мизони андози коргарони маҳоҷир бо шаҳрвандони  русӣ

Муовини нахуствазир ва вазири дороии Русия аз яксон шудани мизони андози пардохтии коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва шаҳрвандони ин кишвар аз оғози соли 2020 хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Антон Силванов дар ҳошияи нишасти маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Сангт-Петербурги Русия гуфт, тарҳи қонуни яксонсозии мизони андози пардохтии коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва шаҳрвандони ин кишвар дар тирамоҳи имсол барои тасвиб ба маҷлиси думои давлатӣ ироа хоҳад шуд, то заминаи иҷроишудани он аз оғози соли 2020 фароҳам шавад.

Вай таъкид кардааст, ки то ба ҳол шаҳрвандони Русия 13 дарсад аз даромади худро ба унвони андоз пардохт мекарданд, аммо барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ ин шохис 30 дарсад таъиншуда буд, ки аз оғози соли 2020 ин мизон яксон хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти шаҳрдории Маскав танҳо таи чаҳор моҳи нахусти имсол аз ҳисоби фуруши иҷозатномаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба будҷети пойтахти Русия маблағи 5 миллиарду 600 миллион рубл вориз шудааст.

Мақомоти Вазорати кишвари Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷики дорои иҷозатномаи кор дар қаламрави ин кишварро 1 миллиону 500 ҳазор нафар унвон мекунанд.