Номаи саркушодаи намояндаи ҷумҳурихоҳ дар эътироз ба сиёсатҳои Трамп
Намояндаи ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико дар номаи саркушодае аз мардуми ин кишвар хост ба сиёсатҳои ҷангталабонаи Трамп эътироз кунанд.
Дуг Ломолафо, узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон аз иёлати Калифорния дар ин нома бо ироаи шумораи тамоси худ, аз умуми мардуми Амрико хост то барои иқдом дар мухолифат бо сиёсатҳои ҷангталабонаи Трамп бо вай тамос бигиранд.
Ломолафо дар номааш, ки дар як рӯзномаи калифорниягӣ нашр шудааст навишт: Доналд Трамп бо таҳрик ва ҳимояти Джон Болтон, мушовири амнияти милли худ, дар садади ворид кардани Амрико ба ҷанг бо Эрон аст. Ҳол он, ки Эрон то кунун Вашингтонро ба ҳеҷ ҷанге таҳдид накардааст.
Ин намояндаи ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико меафзояд: Ҳеҷ кишвари аврупоӣ бо сиёсати ҷангталабонаи Трамп мувофиқ нест ва ҳомиёни аслии ин ҷанг, Исроил ва Арабистон ҳастанд.