Таҳдиди номзадони раёсатҷумҳурии Афғонистон ба таҳрими интихобот
(last modified Tue, 11 Jun 2019 13:03:31 GMT )
Июн 11, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди номзадони раёсатҷумҳурии Афғонистон ба таҳрими интихобот

Шӯрои номзадони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, бо идомаи қонуншикании Ашраф Ғанӣ эҳтимоли таҳрими интихоботи ояндаи ин кишвар вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, аъзои ин шӯро ҳамчунин бо интиқод аз Ашраф Ғанӣ ба далели фаъолияти пас аз поёни даврони қонунии раёсатҷумҳурияш вайро ба истифода аз имконоти давлатӣ ва талош барои муҳандисии интихобот муттаҳам карда ва ташкили давлати муваққати пеш аз баргузории интихоботро хостор шуданд. Бар асоси эъломи Шӯрои номзадони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, дастури Ашраф Ғанӣ барои азлу насбҳои мақомоти олирутбаи давлатӣ пас аз хурдодмоҳ ғайриқонунӣ аст.

Тибқи Қонун Асосии Афғонистон, умури Давлати Ваҳдати Миллии ин кишвар аввали хурдоди ҷорӣ, 22-юми майи соли 2019 поён ёфтааст, аммо Ашраф Ғанӣ бо ҳукми Додгоҳи Олӣ идомаи кори худро то замони муаррифии раиси ҷумҳурии баъдӣ тамдид кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон қарор аст, 28 сентябри баргузор шавад.