Июн 11, 2019 18:23 Asia/Dushanbe
  • Исломобод ба Моди иҷоза дод, аз ҳарими ҳавоии Покистон ба Қирғизистон биравад

Покистон иҷозаи убури ҳавопаймои нахуствазири Ҳиндро аз ҳарими ҳавоии ин кишвар барои ширкат дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон содир кард.

Ба гузориши торнамои “Безнес тудэй”, нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қарор аст, 13 ва 14 июн дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шавад, мизбони раҳбарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон хоҳад буд.

Исломобод 26 феврал, пас аз ҳамлаи нерӯи ҳавоии Ҳинд ба урдӯгоҳи гурӯҳи террористии «Ҷайши Муҳаммад» дар Болокути Покистон дар пайи ҳамалоти ин гурӯҳ ба шаҳри Пулвамаи Ҳинд ҳарими ҳавоии худро ба таври комил баст ва аз он пас танҳо ду масири ҳавоии воқеъ дар ҷануби Покистон боз аст.

Давлати Ҳинд аз Покистон хоста буд, то осмони ин кишварро ба рӯи ҳавопаймои ҳомили Нарендро Моди, нахуствазири Ҳинд ба мақсади маҳалли баргузории иҷлоси Шанхай дар Бишкек боз кунад ва Покистон низ дирӯз, душанбе, 10 июн иҷозаи парвози ҳавопаймои нахуствазири Ҳинд аз ҳарими ҳавоии ин кишварро содир кард.

Сухангӯи вазири умури хориҷии Ҳинд эълом карда буд, ки ҳеҷ гуна дидори дуҷонибае миёни сарони Покистону Ҳинд дар ҳошияи нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай барномарезӣ нашудааст.

 

Барчасп