Июн 11, 2019 19:03 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин ҳомии куштори Хартум кӣ буд?

Пойгоҳи хабарии “Алараби алҷадид” имрӯз дар гузорише таъкид кард, бузургтарин ҳомии куштори хунин Хартум валиаҳди Саудӣ буд.

“Алараби алҷадид” бо баёни ин матлаб ба нақл аз манобеи огоҳи мисрӣ ва судонӣ афзуд, саркӯбиҳо дар сояи ҳушдорҳои Миср дар ин бора калид хӯрд ва Қоҳира асосан мухолиф бо саркӯбиҳо набуд, аммо бештар ба дунболи роҳҳалҳое буд, ки хушунатомез набошанд.

Ин манбаъҳои огоҳи дипломатӣ бо ишора ба ин ки саркӯбиҳо бо фишорҳои Арабистон ва Аморот анҷом шуд, таъкид карданд, Қоҳира дар бораи амнияти миллӣ, марзҳо, ҷилавгирӣ аз нуфузи террористҳо, захоири об ва равобити миёни мардуми ду кишвар бо Судон манофеи муштарак дорад, аммо аҳдофи Аморот ва Арабистон дар Судон ба коҳиши нуфузи Туркия ва Қатар ва ҷилавгирӣ аз пирӯзии ҷунбиши инқилобӣ маҳдуд мешавад. “Алараби алҷадид” бо истинод ба суҳбатҳои ин манобеъ афзудааст: “Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ бузургтарин ҳомии саркӯбиҳо ва куштори хунин Хартум буд ва ӯ буд, ки пас аз мушварат бо Муҳаммад ибни Зоид, валиаҳди Абудабӣ “чароғи сабз”-и саркӯбиҳоро ба Албурҳон дод, аммо Қоҳира бо таваҷҷуҳ ба ин ки раёсати давраи феълии Иттиҳодияи Африқоро бар уҳда дорад, тарҷеҳ медод, ин мавзӯъро ба вақти дигар мавкул кунад".

Нерӯҳои амниятии Судон рӯзи сеюми июн бо ҳамла ба майдони маҳалли таҳассун (эътирози нишаста)-и муътаризон 117 нафарро куштанд.