Интиқоди мақоми амрикоӣ аз иттиҳомзании беасос ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44483-Интиқоди_мақоми_амрикоӣ_аз_иттиҳомзании_беасос_ба_Эрон
Намояндаи Конгресси Амрико аз иёлати Ҳаваи (Гаваи) бо интиқод аз сиёсати хориҷии давлати Вашингтон гуфт: “Бояд аз иттиҳомзании беасос ба Эрон дар ҳамлаи ахир ба ду нафткаш дар дарёи Уммон парҳез кард”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 16, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди мақоми амрикоӣ аз иттиҳомзании беасос ба Эрон

Намояндаи Конгресси Амрико аз иёлати Ҳаваи (Гаваи) бо интиқод аз сиёсати хориҷии давлати Вашингтон гуфт: “Бояд аз иттиҳомзании беасос ба Эрон дар ҳамлаи ахир ба ду нафткаш дар дарёи Уммон парҳез кард”.

Тулси Габард дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Индепендент” дар хусуси сиёсатҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар муқобили Эрон мавзеъ гирифт ва дар бораи ба роҳ афтодани ҷанги сарди ҷадид ҳушдор дод.

Номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020-и Амрико бо интиқод аз ба роҳ андохтани ҷангҳои ғайрисозанда ва беҳуда бо пули молиётдиҳандагони амрикоӣ, аз зимомдорони сиёсати хориҷии ин кишвар хост, аз таҳрикоти хориҷие назири иттиҳомзанӣ ба Эрон дар хусуси осеб дидани ду нафткаш дар дарёи Уммон низ парҳез кунанд.

Тулси Габард дар интиқоде дигар аз сиёсатҳои ҷангталабонаи сарони давлати Амрико, дар хусуси авоқиби мудохилот ва сиёсатҳои хориҷии феълии Амрико низ ҳушдор дод.

Рӯзи панҷшанбеи 13 –уми июн ду нафткаш дар дарёи Уммон дучори ҳодисаи машкук шуданд ва каме пас аз он давлати Трамп Эронро бидуни ҳеҷ далелу мадраке муқассири вуқӯи он донист.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ин ҳодисаро машкук хонд ва бар тарҳи пешниҳодии Эрон дар хусуси ташкили маҷмаи гуфтугӯи минтақаӣ таъкид кард.