Таҳдиди Трамп ба ихроҷи муҳоҷирон
(last modified Tue, 18 Jun 2019 13:52:38 GMT )
Июн 18, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Трамп ба ихроҷи муҳоҷирон

Раисҷумҳури Амрико таҳдид кард, миллионҳо муҳоҷири бидуни мадракро аз ин кишвар ихроҷ мекунад.

Ба гузориши “Ассошейтед пресс”, Доналд Трамп, раисҷумҳри Амрико дар твитҳое навишт, идораҳои муҳоҷирату гумруки Амрико ҳафтаи оянда раванди ихроҷи миллионҳо нафар аз муҳоҷирони ғайриқонуниро оғоз хоҳанд кард. Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки ин афрод шомил беш аз як миллион муҳоҷиреанд, ки додгоҳҳои федералӣ дастури ихроҷи онҳоро содир кардаанд, аммо онҳо ҳамчунон дар дохили Амрико ҳастанд.

Трамп аз имрӯз расман корзори интихоботияшро аз шаҳри Орландои иёлати Флорида оғоз мекунад. Ин иёлат нақши муҳимеро дар масири бозгашти ӯ ба Кохи Сафед ифо мекунад. Баҳси муҳоҷират мавзӯи аслии корзори интихоботии соли 2016 Трамп буд ва интизор меравад, ҳамзамон бо талошҳояш барои тақвияти ҷойгоҳаш дар остонаи маъракаҳои интихоботии соли 2020 чунин мавзӯеро тақвият кунад.