Мақоми конгираи Амрико; Кохи Сафед иҷозатномае барои ҷанг бо Эрон надорад
(last modified Sat, 22 Jun 2019 06:39:46 GMT )
Июн 22, 2019 11:39 Asia/Dushanbe
  • Мақоми конгираи Амрико; Кохи Сафед иҷозатномае барои ҷанг бо Эрон надорад

Раиси Кумитаи иттилоотии Санои Амрико бо таъкид бар лузуми коҳиши таниши мавҷуд миёни Вашингтон ва Теҳрон гуфт; мақомҳои Кохи Сафед бидонанд,ки ҳеҷ иҷозатномае аз Конгира барои ҷанг бо Эрон надоранд.

 Адам  Шифф дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Си Би Ес  ( CBS) дар  бораи ҳар гуна посух ба сарнагунии ПАҲПОДИ  ҷосусии ГЛУБОЛ ҲАВК и Амрико,ки ба ҳаримҳои ҳавоии ҷумҳурии исломии Эрон таҷовуз карда буд гуфт; бояд мутмаин шавем,ки ҳарчи анҷом медиҳем, танишҳоро афзоиш намедиҳад ва ба самти иштибоҳи муҳосиботӣ ҳидоят намекунад; аз ин рӯ мардуми Амрико бояд аз раиси ҷумҳури худ сабр ва фикр кардан дар ин бора ро бихоҳанд.

Узви аршади демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико таъкид кард; мо дар шароити кунуни ниёзманди коҳиши таниш ҳастем ва набояд ба таври саҳвӣ дар як ҷанг бо Эрон қарор бигирем.

Бомдоди рӯзи панҷшанбе 20 июн як фарванди ПАҲПОДИ  ҷосусии ГЛУБОЛ ҲАВК  Амрико пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаи кӯҳи мубраки Ҳурмузгон,ҳадафи падофанди нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Мақомоти Теҳрон дар номае ба Дабири кулли Созмони Милалли муттаҳид ва Шӯрои амнияти ин созмон, санадҳо ва мухтасоти марбут ба таҷовузи паҳподи амрикои ро ба ҳарими сарзаминии ҷумҳурии исломии Эрон, ироа карданд.
 

Барчасп