Ташкили ҳайати 25 нафара барои ҳали таниш дар парлумони Афғонистон
(last modified Mon, 24 Jun 2019 04:12:35 GMT )
Июн 24, 2019 09:12 Asia/Dushanbe
  • Ташкили ҳайати 25 нафара барои ҳали таниш дар парлумони Афғонистон

Бо ҳадафи ҳали таниш дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон, рӯзи якшанбе ҳайате бо ҳузури 25 намоянда ташкил шуд.

Ба гузориши ИРНА, аъзои ин ҳайат,ки бо тавофуқи ду тарафи даргир дар маҷлис интихоб шудаанд,умед доранд,ки роҳи ҳалли пешниҳодии онон,бунбасти феълии парлумон бар сари интихоби  раис ро бишканад.

Таниш бар сари интихоби раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз онҷо оғоз шуд,ки Мирраҳмон Раҳмонӣ ва Камол Носирусулӣ дар даври дуввуми интихоби дохилии ин маҷлис бар сари курсии раёсат ба рақобат пардохтанд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадалам  Эзидёр ноиби аввали Маҷлиси санои Афғонистон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи алании ин маҷлис аз идомаи таниш миёни аъзои Маҷлиси намояндагони Афғонистон ибрози нигаронӣ кард ва гуфт; аъзои маҷлиси намояндагон бо идомаи ин раванд занги таҷзияи ин кишвар ро ба садо даровардаанд.