Июн 25, 2019 14:29 Asia/Dushanbe
  • Медведев: Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ вазъияти ғарби Осиёро буҳронӣ кард

Нахуствазири Русия рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Эдвард Филип нахуствазири Фаронса дар шаҳри Лу-Авр шимоли ин кишвар гуфт, Амрико бо хуруҷ аз БАРҶОМ вазъияти минтақаи ғарби Осиёро буҳронӣ кардааст.

Ба гузориши ИРНО, Димитрий Медведев бо баёни инки ин масъала бисёр ошкор аст таъкид кард Русия тамоми талоши худро барои пешгирӣ аз ташдиди танишҳо дар минтақаи ғарби Осиё ба кор хоҳад баст.

Нахуствазири Русия ҳамчунин бар аҳамияти гуфтугӯҳо ба манзури ҳаллу фасли танишҳо дар минтақа таъкид кард.

Иқдомоти танишзои Амрико дар минтақа пас аз он шиддат гирифт, ки Вашингтон аз эъзоми нови ҳавопаймобари Абрҳам Линколн ва неруе аз бомбафканҳои Б-52  ин кишвар ба минтақаи ғарби Осиё хабар дод ва Эронро ба нақш доштан дар таркиши чаҳор нафткаш дар бандари Алфуҷайраи Аморот муттаҳам кард.

Панҷшанбе 13 июн низ дар ҳаводисе машкук, ду нафткаши дигар дар баҳри Уммон дучори ҳариқ шуданд, Амрико бори дигар ҳамин иттиҳомро алайҳи Эрон такрор кард.

Иттиҳодияи Аврупо аммо ин иддаоҳои Амрикоро рад кардааст.

Иддаоҳои Амрико алайҳи Эрон дар ҳолест, ки пас аз вуқуи ҳодисаи ҳариқ барои ин ду нафткаш воҳиди ҷустуҷӯ ва наҷоти баҳрии Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон билофосила вориди амал шуд ва бо наҷоти персонел ва хадамаи ин ду кишвар онҳоро ҷиҳати ироаи хадамоти муносиб ва дармонӣ ба бандари Ҷоск (ҷануби Эрон) мунтақил кард.

Амрико ва муттаҳидонаш муддатҳост талош мекунанд бо тарҳи иддаоҳои дуруғин алайҳи Эрон ҷабҳае зиддиэронӣ дар сатҳи ҷаҳон ташкил диҳанд.

Ин талошҳо пас аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ (8 майи 2018) дучандон шудааст.

Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ-саҳюнистӣ-саудӣ дар минтақа дорад.