Июн 25, 2019 17:03 Asia/Dushanbe
  • Картер: Тамоми ҷангҳои Амрико бефоида будааст

 Раисҷумҳури пешини Амрико эътироф кард, ки то кунун тамоми ҷангҳои Амрико ғайризарурӣ ва бефоида будааст.

Ба гузориши “Вашингтон игзэмайнер”, Ҷими Картер тайи суханронӣ дар калисое дар Ҷорҷия гуфт: “Фарз бар ин аст, ки мо миллати масеҳӣ ҳастем, аммо дар саросари ҷаҳон ба унвони ҷангталабтарин кишвари рӯйи замин шинохта мешавем”. Раисҷумҳури пешини Амрико афзуд: “Ман муътақидам, тақрибан тамоми ҷангҳое, ки дар он мушорикат доштем, ғайризарурӣ будаанд”. Картер дар идома гуфт: “Ман бо тасмими Трамп барои ҷилавгирӣ аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон мувофиқам ва тасаввур намекунам, чунин ҷанге ва ба таври куллӣ ҷангҳои ахир мантиқӣ бошанд”.

Як паҳподи ҷосусии «Глобал ҳок»-и Амрико панҷшанбе, 20 июн, пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи Кӯҳи Мубораки Ҳурмузгон ҳадафи падофанди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд. Трамп дар пайи сарнагунии ин паҳподи ҷосусӣ дар изҳороти мутаноқизе ибтидо унвон кард, ки қасд доштааст, ба Эрон ҳамла кунад, аммо мунсариф шудааст ва сипас гуфт, ҳамла ба Эрон мунтафӣ нашуда, балки замони он ба таъвиқ афтодааст”.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи ин гуна мавозеи Кохи Сафед гуфт, миллати Эрон дипломатияро бо дипломатия, эҳтиромро бо эҳтиром ва ҷангро бо дифои ҷонона посух медиҳад.

 

Барчасп