Июн 26, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лавров бар коҳиши танишҳо дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ

Вазири умури хориҷаи Русия бар коҳиши танишҳо дар минтақаи халиҷи Форс аз тариқи гуфтугӯ таъкид кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Раша Тудей”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Муҳаммад бин Зоид оли Наҳён, вазири хориҷаи Иморот дар Маскав зимни таъкид бар лузуми ҳалли буҳрони бавуҷудомада дар минтақа аз тариқи гуфтугӯ гуфт, гуфтугӯ метавонад ихтилофотро бартараф кунад ва ба танишҳои бавуҷудомада поён диҳад.

Лавров таъкид кард, албатта Эрон наметавонд дар сояи таҳримҳо ва шурути амрикоиҳо, бо гуфтугӯ мувофиқат кунад.

Вазири хориҷаи Русия афзуд, Амрико бояд лаҳни ҳушдориро мутаваққиф кунад ва кишварҳои халиҷи Форс ҳам бояд аз гуфтугӯ ҳимоят кунанд ва бо савқ дода шудани минтақа ба даргирӣ мухолифат кунанд.

 

Барчасп