Июн 27, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Норизоятии 60 дарсадии мардуми Амрико аз амалкарди Трамп

Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ дар Амрико нишон медиҳад, ҳудуди 60 дарсади мардуми ин кишвар аз амалкарди раисиҷумҳурашон бавижа дар сиёсати хориҷӣ, норозӣ ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷии муштараки муассисаи фаронсавии “Ipsos” ва хабаргузории “Reuters” нишон медиҳад, фақат 42 дарсади амрикоиҳо аз наҳваи амалкарди Доналд Трамп дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ ризоят доранд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, ҳамчунин фақат 38 дарсади мардуми Амрико наҳваи бархурди Трампро бо мавзӯи Эрон, тайид мекунанд ва фақат 32 дарсади мардуми Амрико бо ҷиҳатгирии куллии кишваршон мувофиқ ҳастанд.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ризояти куллӣ аз амалкарди Трамп монанди чанд моҳи гузашта, 41 дарсад аст ва ҷумҳурихоҳон бо 84 ва демократҳо бо 8 дарсад бори дигар шикофи ҳизбиро дар заминаи ризоят аз амалкарди раисиҷумҳурашон ба намоиш гузоштаанд.

 

Барчасп