Июн 28, 2019 20:29 Asia/Dushanbe
  • Трамп ҳеҷ далеле барои хуруҷ аз Барҷом надошт

мудири кулли собиқи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ аз иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико дар хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии Барҷом интиқод кард.

Муҳаммад Албародаъӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Пуртуқолии забон Ор Ти Пи гуфт; Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ҳеҷ далеле барои канор гузоштани тавофуқи ҳастаии байналмиллалӣ имзо шуда бо Теҳрон надошт.

Албародаъӣ ҳамчунин аз таҳримҳо ва иқдомҳои танишзои Трамп алайҳи Эрон интиқод ва ибрози нигаронӣ кард ва гуфт; минтақа дар остонаи инфиҷор аст ва умедворам дар ин бора Аврупо пои арзишҳои худ ва низ Ҳуқуқи байналмиллал биистад ва зимни парҳез аз рӯйкарди номуносиб,ба ийфои нақш дар ҷойгоҳи муҳими худ бипардозад.

Давлати Амрико ба унвони яке аз тарафҳои имзокунандаи Барҷом,зимни хуруҷи якҷониба ва ғайри қонуни аз он дар ҳаштуми майи 2018, сахттарин таҳримҳоро зиддӣ миллати Эрон ба иҷро гузоштааст.

Амрико муддаъӣ аст бо эъмоли сахттарин таҳримҳо дар паи гуфтугӯ боЭрон барои расидан ба тавофуқи нав ба ҷои Барҷом аст аммо масулони олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардаанд,ки бар асоси таҷрибаи Барҷом,дигар бо Амрико музокира намекунанд.

Барчасп