Поёни замони сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44769-Поёни_замони_сабти_номи_раъйдиҳандагон_барои_интихоботи_раёсатҷумҳурии_Афғонистон
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, раванди сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки аз 8 июн оғоз шуда буд, рӯзи шанбе ба поён расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 30, 2019 04:42 Asia/Dushanbe
  • Поёни замони сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, раванди сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки аз 8 июн оғоз шуда буд, рӯзи шанбе ба поён расид.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси эъломи Комиссияи мустақили интихобот, раванди сабти номи саросарӣ дар вилояти Ғазнӣ барои як ҳафтаи дигар тамдид шудааст.

Раванди сабти номи раъйдиҳандагони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон бидуни истифода аз фанноварии “Biometric” (сомонаи ташхиси ҳувият) анҷом мешавад, ки ин мавзӯи тардидҳоеро дар бораи муҳандисии интихобот аз сӯи давлати ин кишвар эҷод кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон қарор аст, 28 сентябр баргузор шавад.