Йошка Фишер: Худи Трамп ҳам намедонад дар қиболи Эрон чӣ мекунад
Вазири хориҷаи пешини Олмон бо ишора ба сардаргумӣ ва рафтори мутаноқизи давлати Амрико дар баробар Эрон гуфт: “Худи Трамп ва мушовиронаш ҳам намедонанд, ки дар ин бора чӣ коре анҷом медиҳанд”.
Йошка Фишер тайи ёддоште дар пойгоҳи таҳлилии “Проект Синдикейт” бо интиқод аз сиёсати “бохт-бохт” ва шикастхӯрдае, ки давлати Амрико ба раёсати Доналд Трамп дар қиболи Эрон дар пеш гирифтааст, афзуд, Вашингтон дар масири кашондани ғарби Осиё ба ҷанги ҷадиде қарор дорад.
Вазири хориҷаи пешини Олмон гуфт, бо ин ки хориҷ кардани Амрико аз БарҶом, амал кардани Трамп ба яке аз ваъдаҳои интихоботиаш буд, аммо мушкил ин ҷо аст, ки на худи Трамп ва на мушовиронаш иттифоқоти баъдиро дар назар нагирифта буданд.
Фишер афзуд, Трамп бо ин ки муддаӣ аст, тағйири низом гузинаи мавриди назари вай дар қиболи Эрон нест, аммо рафтораш инро нишон намедиҳад. Бинобарин бояд бидонад, ки мавқеияти стратегии Эрон нисбат ба гузашта бисёр қавитар шудааст.
Йошка Фишер бо эътироф ба ин ки сиёсати Ғарб дар қиболи Эрон бар пояи таваҳҳумот аст, изҳор дошт, рӯйкарди Ғарб ба раҳбарии Амрико ҳамроҳ бо дигар иштибоҳоти мутааддидаш, дар воқеъ боиси тақвияти Эрон шудааст.
Вазири хориҷаи пешини Олмон ба Вашингтон ҳушдор дод, ки ҳар даргирии низомӣ бо Эрон на танҳо талафоти зиёде барои Амрико хоҳад дошт, балки дар ин даргирӣ нисбат ба ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон, эҳтимоли камтаре барои пирӯзӣ вуҷуд дорад.