Июн 30, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои якҷонибаи Амрико, сӯистифода аз низоми молии байналмилалӣ

Исмоили Бақоӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дафтари аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар шасту шашумин нишасти ҳайати тиҷорат ва тавсеаи СММ таҳримҳои якҷонбаи Амрико зидди кишварҳои мустақилро нақзи ошкори ҳуқуқи аввалияи инсонҳо ва дар тазод бо талошҳои ҷамъӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор донист. Бақоӣ тасреҳ кард: "Тавассули беш аз ҳадди Амрико ба таҳримҳои якҷониба сӯистифодаи ин кишвар аз низоми молии байналмилалӣ аст".

Алорағми гароиши Иёлоти Муттаҳида ба истифода аз таҳримҳои иқтисодӣ осори воқеии ин таҳримҳо ба василаи иқтисоддонон мавриди тардид воқеъ шудааст. Мутолиоти анҷомшуда ба василаи “Hafbauer-Schott Elliott” нишон медиҳад, аз миёни 103 таҳрими ташреҳшуда ба василаи ин нависандагони америкоӣ 69 маврид ё ба иборати дигар 67 дарсади таҳримҳо номувафақ будаанд.

Таҳримҳои иқтисодӣ, агарчи маъмулан хисоротеро бар кишвари таҳримшуда таҳмил мекунанд, барои кишварҳои таҳримкунанда низ дорои ҳазинаҳои сангин аст. Барои мисол, таҳримҳои Амрико дар дараҷаи аввал ширкатҳои нафтии ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст. Баровардҳо нишон медиҳад, ки таҳримҳои Амрико барои Эрону Либия ва Сурия солона 7 миллиард доллар хисорати ҷонибӣ бар Амрико ворид мекунанд ва боиси аз байн рафтани 200 ҳазор шуғл дар ин кишвар мегарданд. Таҳримҳои якҷонибаи Амрико низоми тиҷорати ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалиро дар маърази хатари ҷиддӣ қарор додааст. Таҳримҳо метавонанд аз ҷумла ҳаққи ҳаётро ба хатар андозанд, ҳаққи ғизо, шуғли муносиб ва стандартҳои асосии зиндагиро маҳдуд карда, ҳаққи таъйини сарнавиштро ба чолиш андохта ва режимҳои беҳдоштию ғизоиро заиф карда ва дар масири тавсеа монеъ эҷод мекунанд.

Хонум Габриела Куевас Баррон, раиси Иттиҳодияи Байнулмаҷолисии Ҷаҳонӣ дар гуфтугӯе бо ИРНА, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, бо ишора ба иқдомоти якҷонибагароёнаи Амрико дар ҷаҳон бо баёни ин ки фишору таҳрим ба зиндагии мардуми оддӣ зарба мезанад, тасреҳ кард, таҳрим илова бар ин ки монеи густариши гуфтугӯ мешавад, монеае низ барои истифода аз имконот ва зарфиятҳо ба манзури расидан ба сулҳу субот низ эҷод мекунад.

Амрико дар сафи аввали ин рафтори ғайриқонунӣ қарор дорад. Дар тӯли даҳаҳои гузашта Амрико аз ҳар гуна талоше барои тавассул ба таҳрими тиҷоратҳо, ихлол дар ҷараёни сармоягузорӣ ва молӣ, блок кардани дороиҳо ва манъи мусофират ба манзури таҳмили хостаҳои худ бар дигар кишварҳо чашмпӯшӣ накардааст. Амрико, ки худро қудрати бартари ҷаҳонӣ медонад, ҳар гуна меъёр ва ҳуқуқи байналмилалиро поймол мекунад. Ба унвони мисол, аз соли 1984 Амрико беш аз 27 режими таҳримии мухталифро бар давлатҳои гуногун таҳмил карда ва байни солҳои 2009-2015 чандин бонкро дар ҳафт кишвари мухталиф беш аз 13 миллиард доллар ҷарима кардааст. Паёмадҳои ҳама ин иқдомот ба воситаи таҳмили таҳримҳои мувозӣ бар ширкатҳое аз Амрико ва дигар кишварҳое, ки бо онҳо муомила мекунанд, бештар шудааст. Аз дигар аҳдофи таҳримҳои иқтисодии Амрико метавон ба талош барои бесубот кардани кишварҳои мавриди назар аз тариқи фишорҳои иқтисодӣ ишора кард. Савобиқи таҳримҳо нишон медиҳад, ки таҳримҳои иқтисодӣ таъсироти молӣ ва тиҷорӣ бар ҷо гузоштаанд, аммо лузуман муваффақияти сиёсии онҳо чандон қобили таваҷҷуҳ нест.

Бо хурӯҷи якҷонбаи Амрико аз БарҶОМ таҳримҳои якҷониба бардошта шуда ба ҳамроҳи бархе таҳримҳои ҷадид муҷаддадан барқарор шуд, ки дар тазоди ошкор бо БарҶОМ ва қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аст. Амрико ҳатто дастури муваққати мушаххасшуда дар ҳукми Девони Байналмилалии Додгустарӣ дар сеюми октябри 2018-ро иҷро накарда ва ба ҷойи он таҳримҳои якҷонибаи бештареро алайҳи Эрон эъмол кард. Саидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб дар вокуниш ба изҳороти мақомҳои Амрико дар хусуси тамоюл ба музокира ва рӯйкард ба дипломатия гуфт, дар қомуси давлати Амрико дипломатия, яъне таҳрим ва терроризми иқтисодии Эрон то кунун чизе ҷуз таҳримҳои ғайриқонунӣ, ҷангу терроризми иқтисодӣ аз давлати Амрико надида, ки ба он посух диҳад.