Июл 01, 2019 13:21 Asia/Dushanbe
  • Хурсандии  Кремл дар бораи дидори ахири Путин ва Трамп

Сухангӯи Кремл бо ибрози хурсандӣ дар бораи дидори ҷумъаи ҳафтаи гузаштаи Владимир Путин бо ҳамтои Амрикоии худ таъкид кард, барои аввалинбор раиси ҷумҳурии Амрико ҳам монанди Русия хоҳони тақвияти гуфтугӯҳо ва муносибатҳои дуҷониба шудааст.

 

Ба гузориши хабаргузории Форс,се рӯз баъд аз дидори раиси ҷумҳурии Русия бо Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти гурӯҳи 20 дар Ҷопон, сухангуи Владимир Путин имрӯз ( душанбе) дар як мусоҳиба аз фазои мусбати ин дидор ва изҳороти раиси ҷумҳурии Амрико хабар додааст.

Димитри Песков сухангуи кохи Кремл дар мусоҳиба бо шабакаи Русия Ван бо ишора ба ин дидор таъкид кард,барои аввалин бор дар ин нишаст буд,ки Трамп ба талошҳои Русия барои аз навсозӣ ва беҳбуди робитаҳо байни ду кишвар посухи  мусбат додааст.

Тибқи гузориши Спутник, Ӯ дар ин мусоҳиба гуфт; раиси ҷумҳури Амрико ба вузуҳ омодагии худашро барои бахшидани энержии дубора ба музокира иброз кард. Путин хеле пештар гуфта буд,ки хоҳони оддисозии робитаҳо аст аммо ин ро ҳам гуфта буд,ки ин мавзуъ дутарафа нест. Барои аввалин бор буд,ки раиси ҷумҳурии Амрико мутақобилан ин мавзуъро эълом кард.

Сухангуи Кремл афзуд; Путин ва Трамп тақрибан бо итминон дар бораи лузуми тадовуми тамосҳояшон дар болотарин сатҳ суҳбат карданд.

Бино ба гуфтаи Ӯ, раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико дар дидорашон дар Ҷопон дар бораи масоили мухталиф аз қабили Венесуела, Сурия, Украина, Кантроли таслиҳот ва суботи стратегӣ ва иддаъоӣ дахолати Маскав дар фароянди интихоботи Амрико гуфтугу карданд.

Пеш аз ин Сергей Лавров Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Путин ва Трамп дар ин дидор дар хусуси ин,ки танишҳо бар сари Эрон бояд аз тариқи иброзҳои сиёсӣ ва дипламатӣ ҳал шаванд тавофуқ карданд.