Беш аз 260 ҳиндӣ дар зиндонҳои Покистон
(last modified 2019-07-02T08:02:26+00:00 )
Июл 02, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 260 ҳиндӣ дар зиндонҳои Покистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, 261 шаҳрванди ҳиндӣ ба иттиҳоми иртикоби ҷурмҳои мухталиф дар зиндонҳои Покистон ба сар мебаранд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Тасним Муҳаммад Файсал сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Покистон гуфт, аз 261 зиндонии шаҳрванди ҳиндӣ дар Покистон, 209 нафар аз ин ашхос моҳигироне ҳастанд, ки ба ҳарими обҳои Покистон таҷовуз карданд ва 52 нафари дигар ҳам пас аз иртикоби ҷурмҳои мухталиф дар Покистон зиндонӣ шуданд.

Муҳаммад Файсал афзуд, тибқи тавофуқе, ки Покистон бо Ҳинд анҷом дода ҳар шаш моҳ як бор руйхат ва номҳои зиндониёни ду кишвар эълом хоҳад шуд.

Барчасп