Як рӯз пас аз душанбеи хунини Кобул (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44848-Як_рӯз_пас_аз_душанбеи_хунини_Кобул_(видео)
Ҳамлаи террористии рӯзи душанбеи Толибон илова бар талафоти инсонӣ хисороти молӣ низ барои шаҳрвандон ва таъсисоти умумӣ дар Кобул ворид кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 02, 2019 17:48 Asia/Dushanbe

Ҳамлаи террористии рӯзи душанбеи Толибон илова бар талафоти инсонӣ хисороти молӣ низ барои шаҳрвандон ва таъсисоти умумӣ дар Кобул ворид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Чин, Қатар ва дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул бо интишори баёнияҳои ҷудогона ҳамлаи террористии афроди Толибон ба маркази шаҳри Кобул ва куштани ғайринизомиёнро маҳкум карданд.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон бо ибрози таассуф аз кушта ё захмӣ шудани даҳҳо ғайринизомӣ эълом кард, ҳамлаи Толибон ба минтақаи ғайринизомӣ беш аз 100 кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст. Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон низ дар баёнияе аз афзоиши талафоти ғайринизомиён дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард ва осеб расондан ба ғайринизомиёнро ҷинояти ҷангӣ донист. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон эълом кард, ҳадафи ҳамлаи афроди ин гурӯҳ маркази пуштибонии нерӯҳои артиши Афғонистон будааст.

Даргирии муҳоҷимони Толибон бо низомиёни афғон дар маркази шаҳри Кобул ҳудуди ҳашт соат тӯл кашид ва бо кушта шудани панҷ муҳоҷими мусаллаҳ поён ёфт.