Назарсанҷӣ: Мардуми Амрико аз назароти Трамп хаста шудаанд
(last modified Thu, 04 Jul 2019 10:37:51 GMT )
Июл 04, 2019 15:37 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ: Мардуми Амрико аз назароти Трамп хаста шудаанд

Натоиҷи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки мардуми Амрико аз назароти раисиҷумҳури ин кишвар хаста шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, натоиҷи назарсанҷии ҷадиди муассисаи “Pew” дар бораи вокуниши мардум ба назароти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуда нишон медиҳад, ки 67 дарсади мардуми ин кишвар аз изҳороти ӯ "хаста" шудаанд ва 75 дарсади мардум низ аз назароти Трамп "нигарон" ҳастанд.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, 69 дарсади мардум низ аз сӯҳбатҳои Трамп "хиҷолатзада" ҳастанд ва 65 дарсади мардум низ мегӯянд аз назароти Трамп "асабонӣ" ҳастанд.

Ҳамчунин, 62 дарсади мардум эҳсос мекунанд, изҳороти Трамп ба манзалаи "тавҳин" ба онҳост ва 56 дарсади мардум низ аз шунидани назароти ӯ "ваҳшатзада" мешаванд.

Трамп, то кунун борҳо аз назарсанҷиҳо ва ҳатто расонаҳое, ки ахборе дар маврди ӯ мунташир кардаанд, интиқод кардааст ва бидуни ишора ба як назарсанҷии мӯътабар, худро аз маҳбубтарин раисони ҷумҳурии Амрико муаррифӣ кардааст.

Ин дар шроите аст, ки дар ҳамаи назарсанҷиҳо, маҳбубияти Трамп аз нахустин рӯзи вурудаш ба Кохи Сафед аз ҳамаи раисони ҷумҳурии пешини Амрико камтар будааст.