Эъломи иллати оташсӯзии зердарёии таҳқиқотии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44910-Эъломи_иллати_оташсӯзии_зердарёии_таҳқиқотии_Русия
Вазири дифои Русия, иллати оташсӯзии зердарёии таҳқиқотии артиши ин кишварро, ки чанд рӯз пеш дар баҳри Барентс дар Уқёнуси яхбастаи шимолӣ рӯй дод, эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 04, 2019 13:05 Asia/Dushanbe
  • Эъломи иллати оташсӯзии зердарёии таҳқиқотии Русия

Вазири дифои Русия, иллати оташсӯзии зердарёии таҳқиқотии артиши ин кишварро, ки чанд рӯз пеш дар баҳри Барентс дар Уқёнуси яхбастаи шимолӣ рӯй дод, эълом кард.

Ба гузориши Рейтрез, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия имрӯз (панҷшанбе) зимни таъйиди ин хабар, ки ин зердарёии таҳқиқотии артиши ин кишвар бо сӯхти ҳастаӣ кор мекард, дар бораи ҳодисаи рӯйдода хитоб ба Владимир Путин, раисиҷумҳури ин кишвар гуфт, бахши ҳастаии ин зердарёии ба таври комил аз он ҷудо шудааст.

Вазорати дифои Русия эълом кард, ин зердарёи рӯзи сешанбе дар ҳайни анҷоми маъмурият дучори оташсӯзӣ шудааст ва дар ин сониҳа ҳамаи 14 хадамаи ин зердарёи бар асари нафасгир шудан ҷон бохтанд.

Оташсӯзӣ дар ин зердарёи замоне рӯй дод, ки хадамаи он машғули анҷоми амалиёти ҷамъоварии додаҳо аз кафи дарё буданд.

Ин зердарёи ба пойгоҳи нерӯи дарёии Русия, дар шаҳри Североморск дар шимоли ин кишвар интиқол ёфтааст.