Июл 05, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Болтон Эронро ба бекор кардани муофиятҳои ҳастаӣ таҳдид кард

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед бо таҳдиди Эрон ба лағви муофиятҳои ҳастаӣ, бори дигар муддаӣ шуд, ки Эрон ҳақ надорад барномаи ғанисозии бумӣ дошта бошад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии дасти ростии “Бритбарт”, Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар мусоҳибае бо ин пойгоҳи хабарӣ, ба интиқод аз рӯйкарди давлати собиқи Амрико дар қиболи барномаи ҳастаии Эрон пардохт ва гуфт, бар хилофи давлати феълӣ, мантиқи бунёдини давлати Барак Обама, раисҷумҳури собиқ дар бораи БарҶом ва муофиятҳои ҳастаӣ ин буд, ки Эрон ба барномаи сулҳомези ҳастаӣ ҳақ дорад.

Болтон ҳамчунин ба мавзеи Аврупо дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ишора кард ва гуфт, ки бо коҳиши тааҳҳуди Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ, мавзеи кунунии Иттиҳоди Аврупо дар ҳимоят аз БарҶом идома пайдо намекунад.

Ба дунболи ташдиди мавозеи зиддиэронии давлати Амрико ва тааллули аврупоиҳо дар иҷрои ваъдаҳо ва тааҳҳудоти барҷомии онҳо, давлати Эрон ҳаштуми майи соли 2019, дар яксолагии хуруҷи Амрико аз БарҶом дар гоми нахуст, ду тааҳҳуди барҷомии худ (фурӯши ураниюм ва фурӯши оби сангин) –ро мутаваққиф кард ва ҳамзамон 60 рӯз ба аврупоиҳо фурсат дод то ба тааҳҳудҳои худ дар БарҶом амал кунанд.

 

 

Барчасп