Июл 06, 2019 17:51 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯҳои байни афғонон аз фардо дар Доҳаи Қатар

Ҳайате муташаккил аз чеҳраҳои сиёсӣ, ҷиҳодӣ ва намояндагони занон ва ҷавонони Афғонистон барои ширкат дар нишасти “миёни афғонон” имрӯз -шанбе озими Қатар шуданд.

Ба гузориши ИРНА, нишасти миёни афғонон ба мизбонии муштараки Олмон ва Қатар рӯзҳои якшанбе ва душанбеи ин ҳафта дар Доҳа баргузор мешавад.

Пеш аз ин, ду даври музокирот миёни афғонон дар Маскав баргузор шуда буд ва даври севуми ин музокирот низ ҳамзамон бо ҳафтумин даври музокироти сулҳ миёни намояндагони Амрико ва Толибон дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад.

Фаъолони сиёсӣ дар Афғонистон муътақиданд, танҳо музокирот миёни давлати Кобул ва Толибон метавонад ба натиҷа бирасад ва маҳдуд кардани ин музокирот ба гуфтугӯи Толибон бо гурӯҳҳое аз аҳзоб ва ташкилот дар Афғонистон, фақат ба манзури хариди замон аст то Амрико битавонад роҳбурдҳои мавриди назари худро дар ин кишвар пиёда кунад.

Ба эътиқоди ин коршиносон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтугӯи миёни афғонҳо бидуни ҳузури ҳукумати Афғонистонро на ба унвони як роҳбурд, балки ба унвони як маскани муваққатӣ дар назар дорад то аз ин масир аҳдофи баландмуддати худро дунбол кунад.

Иттилоърасонӣ накардан дар бораи натоиҷи ҳафт даври музокироти Амрико бо Толибон, ба шубаҳот ва бадбиниҳо дар Афғонистон доман зада ва шакку шубҳаҳоеро мабнӣ бар талоши Амрико барои созиш бо Толибон бидуни таваҷҷуҳ ба хостаҳои давлат ва мардуми Афғонистон эҷод кардааст.

Ҳафтумин даври музокироти Амрико бо Толибон дар Қатар пушти дарҳои баста идома дорад ва то кунун натоиҷи он на танҳо расонаӣ нашудааст, балки давлат ва аҳзоби сиёсии Афғонистон низ аз ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо иттилое надоранд.

Ҳафтумин даври музокироти сулҳи Амрико бо Толибон шанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва гуфта мешавад, чаҳор мавзӯи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, тазмини Толибон барои мубориза бо терроризм ва таҳдид нашудани хоки Амрико аз сӯи Афғонистон, оғози музокироти Толибон бо давлати Афғонистон ва барқарории оташбас, меҳварҳои ин музокирот будааст.

 

Барчасп