Июл 07, 2019 10:06 Asia/Dushanbe
  • Вуҷуди беш аз 40 миллион барда дар ҷаҳони имрӯз!

Бар асоси омори марбут ба шохиси бардадорӣ беш аз 40 миллион нафар дар ҷаҳон имрӯз дар шароити бардадорӣ зиндагӣ мекунанд.

Ба нақл аз шабакаи телевизионии СНН, бар асоси ин гузориш 71 дарсад аз ин бардагон зан ҳастанд.

 Бардадорӣ тиҷорати бисёр пулсоз аст.

Бар асоси омори мунташир шуда аз ҷониби Созмони ҷаҳонии кор солона 150 миллиард доллар аз маҳалли кори бардагон насиби арбобони ин тиҷорати сиёҳ мешавад.

Ин омори такондиҳанда аз шумори бардагон дар ҷаҳон дар ҳоле мунташир мешавад, ки ҳама тасаввур мекунанд бардадорӣ поён ёфтааст, аммо баҳракашӣ ва истесмори инсонҳо дар дунёи имрӯз бо шакле нав ба ҳаёти сиёҳи худ идома медиҳад.

Барчасп