Кушта шудани ҳафт кудак дар таркиши мина дар Афғонистон
(last modified Sun, 07 Jul 2019 09:19:15 GMT )
Июл 07, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ҳафт кудак дар таркиши мина дар Афғонистон

Бар асари таркиши мина дар вилояти Ғур дар маркази Афғонистон ҳафт кудак кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, сухангӯи вилояти Ғури Афғонистон гуфт, бар асари таркиши мина дар шаҳристони Давлатёр шумори дигаре кудак низ захмӣ шуданд.

Абдулҳай Хатибӣ афзуд, ин таркиш замоне руй дод, ки ин кудакон машғули чарондани домҳои худ буданд, аммо дар масири  убури онҳо як мина кор гузошта шуда таркид.

Абдулбасир Қодирӣ узви Шурои вилоятии Ғур низ гуфт ин таркиш дар минтақае руй додааст, ки дар тасарруфи Толибон қарор дорад.

Бар асоси омори расмии давлати Афғонистон моҳона саду бист нафар бар асари таркишҳои мина ва маводи тарканда амалнакарда дар Афғонистон кушта ё захмӣ мешаванд.