Мақоми амрикоӣ: Трамп Амрикоро ба самти истибдод савқ медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44980-Мақоми_амрикоӣ_Трамп_Амрикоро_ба_самти_истибдод_савқ_медиҳад
Раиси Анҷумани миллии омӯзиш ва парвариши Амрико зимни интиқод аз раисҷумҳури ин кишвар эълом кард, ӯ кишварро ба самти истибдод мекашонад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2019 13:40 Asia/Dushanbe
  • Мақоми амрикоӣ: Трамп Амрикоро ба самти истибдод савқ медиҳад

Раиси Анҷумани миллии омӯзиш ва парвариши Амрико зимни интиқод аз раисҷумҳури ин кишвар эълом кард, ӯ кишварро ба самти истибдод мекашонад.

Ба гузориши сайти хабарии “Бритбарт”, Лили Скелсн Гарсия, раиси Анҷумани миллии омӯзиш ва парвариши Амрико ба интиқод аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пардохт ва гуфт, ба раисҷумҳуре эҳтиёҷ дорем, ки ба мардум эҳтиром бигузорад.

Гарсия афзуд, ба касе эҳтиёҷ дорем, ки бо ҳадя додани постҳои давлатӣ ба дӯстон ва хонаводааш, дар ниҳодҳои давлатӣ фасод эҷод накунад.

Раиси Анҷумани миллии омӯзиш ва парвариши Амрико ҳамчунин гуфт, Доналд Трамп Амрикоро ба самти иқтидоргароӣ ва истибдод пеш мебарад.

Гарсия ба ҳимоят аз ҳизби демократ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 пардохт ва гуфт, дар ҳоли ҳозир дар оғози роҳи интихоби як номзади демократ ҳастем, ки битавонад дар муқобили Трамп биистад.

Номзадҳои демократи даври муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 –и Амрико дар рӯзҳои ахир ба шиддат аз амалкарди Трамп интиқод кардаанд.