Июл 10, 2019 18:17 Asia/Dushanbe
  • Амрико: Таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон эъмол мекунем

Браян Ҳук, намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон, ки кишвараш бо эъмоли таҳримҳои бесобиқа муваффақ нашудааст Эронро ба пойи мизи музокираи иҷборӣ бикашонад, гуфт: “таҳримҳои ҷадиде алайҳи Теҳрон ҷорӣ мекунем”.

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии “Алҷазира” –и Қатар афзуд: “Мо дар мавориде бо аврупоиҳо дар хусуси Эрон ихтилоф дорем, аммо ҳеҷ кас сиёсати хориҷии тавсеаталбонаи Теҳронро таъйид намекунад”.

Вай муддаӣ шуд, давлати Иёлоти Муттаҳида ба дунболи муоҳидае бо Эрон аст, ки мавриди таъйиди Конгресси Амрико бошад.

Ҳук, ки кишвараш омили аслии бурузи ихтилоф миёни аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс аст, иддао кард, ки агар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс муттаҳид шавад, метавонад нақше фаъол дар муқобила бо Эрон дошта бошад.

Ин мақоми амрикоӣ дар ҳоле аз талоши кишвараш барои бастани муоҳидаи ҷадид бо Эрон сухан мегӯяд, ки бо иқдомоти якҷонибаи Доналд Трамп дар хуруҷ аз тавофуқи байналмилалии ҳастаӣ ва ҳамчунин эъмоли таҳримҳои сангин алайҳи Эрон амалан имкони ҳар гуна музокирае аз байн рафтааст.

Аз сӯи дигар, Ҷон Ярмус, намояндаи демократи амрикоӣ рӯзи душанбе Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро ба хотири наҳваи бархурд бо масоили марбут ба Эрон, як одами камақл ва нодон тавсиф кардааст.

Ричард Нефю, ки аз ӯ ба унвони меъмори таҳримҳои Эрон дар давлати Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико ёд мешавад ҳам рӯзи якшанбе дар ҳисоби твиттерии худ навишт: “Масъалаи ҷолиби таваҷҷуҳ барои ман дар бораи иқдоми Эрон дар хусуси азсаргирии ғанисозии ураниюм ба болотар аз 3.67 дарсад он одамҳое ҳастанд, ки ба ман итминони хотир медоданд, агар БарҶомро нақз карда ва ба эрониҳо бо эъмоли таҳримҳо фишор ворид кунем, онҳо ҳам даст рӯйи даст мегузоранд”.

Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико соли гузашта, ҳамзамон бо иҷро шудани марҳалаи дувуми таҳримҳо пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом, дар мусоҳибае бо “Факс нюс” бо қотеият ибрози итминон кард, ки вокуниши Эрон ба таҳримҳо - азсаргирии барномаи ҳастаӣ нахоҳад буд.

 

Барчасп