Сайид Ҳасани Насруллоҳ; тамоми марказҳои ҳасоси Исроил дар тирраси муқовимат аст
(last modified Sat, 13 Jul 2019 05:14:08 GMT )
Июл 13, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Сайид Ҳасани Насруллоҳ; тамоми марказҳои ҳасоси Исроил дар тирраси муқовимат аст

Сайид Ҳасани Насруллоҳ Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шомгоҳи ҷумъа таъкид кард имрӯз мо қудрати таҳоҷумӣ ва силоҳҳои мунҳасир ба фард ва кайфӣ дар ихтиёр дорем ва муқовимат дар сатҳи камӣ ва кайфӣ пешрафт кардааст.

Сайид Ҳасани Насруллоҳ Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар гуфтугӯ бо шабакаи Алманор гуфт; таи 13 соли ахир тавонмандии нерӯи инсонии мо густариш ёфта ва теъдоди нерӯҳои мо чандин баробар шуда, қудрати ҳуҷумии мо афзоиш ёфтааст, дар ҳоле,ки соли 2006 қудрати ҳуҷумии мо маҳдуд буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасриҳ кард; мо имрӯз аз тавони ҳуҷумии кайфии мунҳасир ба фард бархурдор ҳастем ва ба анвоъи силоҳҳои мунҳасир ба фард ва кайфӣ муҷаҳаз шудаем, мо ягони Алризвон ва гурдонҳои Алабосс,ки нерӯҳои мутахасис дар амалиёти ҳуҷумӣ ҳастанд,дар ихтиёр дорем.

Вай изофа кард, қудрати мушакии мо дар заминаи теъдод ва кайфияти тавсиъаёфта ва ин мушакҳои нуқтазан силоҳи дақиқе аст, дар соли 2006 мо теъдоди каме аз ин силоҳҳо надорем, вале имрӯз ин силоҳ қудратманд ва имконоти фаровоне дар ихтиёр дорем.