Июл 13, 2019 10:51 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси намояндагони Амрико тарҳи маҳдудсозии ихтиёроти низомии Трамп ро тасвиб кард

Тарҳи маҳдуд кардани ихтиёроти низомии раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа дар маҷлиси намояндагони ин кишвар ба тасвиб расид.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ҳел, маҷлиси намояндагони Амрико,ки аксарияти он ро Демакратҳо дар ихтиёр доранд рӯзи ҷумъа тарҳеро ба манзури маҳдуд кардани ихтиёроти Доналд Трамп барои рӯё рӯии низомӣ бо Эрон ба тасвиб расонд.

Ба муҷиби ин тарҳ,ки бо 251 райи мувофиқ дар баробари 170 райи мухолиф ба тасвиб расид,мутамаме ба лоиҳаи будҷаи дифоъии Амрико ( нусхаи маҷлиси намояндагон ) афзуда хоҳад шуд,ки таъмини молии ҳаргуна ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон ро манут ба назари кунгра хоҳад кард.

Дақиқан ду ҳафтаи пеш чунин тарҳе дар  маҷлиси Санои Амрико- ки аксарияти он дарихтиёри Ҷумҳурихоҳон аст- низ ба рай гузошта шуд аммо ба тасвиб нарасид.

Барчасп