Июл 15, 2019 09:51 Asia/Dushanbe
  • Талафоти сел ва рониши замин дар ҷануби Осиё

Беш аз 60 нафар дар Непол ба далели борандагиҳои шадид ва рониши замин ҷони худро аз даст дода ва си нафари дигар мафқуд шуданд.

Ба гузориши ИРНА, амалиёти имдод ва наҷот дар минтақаҳои селзадаи Непол ба далели идомаи борандагиҳо мутавақиф шуда ва бисёре аз зерсохтҳои шаҳрӣ ба зери об  рафта ва сел ба хутути интиқоли барқ ва телефон осеб расондааст.

Дар Иёлоти Осом дар шимол шарқи Ҳинд низ ба далели борандагиҳои шадид то кунун 14 нафар ҷон бохта ва беш аз як миллион нафар низ овора шудаанд.

Беш аз сад рӯсто дар Иёлоти Осоми Ҳинд таҳти таъсири сел қарор гирифта дар ҳоле,ки чандин рӯсто ба таври комил ба зери об рафтаанд.

Дар Бангладеш низ аз рӯзи шанбе то кунун ҳудуди 12 нафар ба далели вуқуъи сел ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 40 ҳазор нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд.

Боронҳои мавсимии ( Monsoon)  Монсун ки аз июл то сентиябр ба таври муназам дар ҷануби Осиё идома дорад ҳама сола талафот ва хасороти зиёде ба бор меоварад.

 

Барчасп