Нигаронии Ашраф Ғанӣ аз тавофуқи пинҳонии Амрико ва гурӯҳи Толибон
Июл 17, 2019 14:03 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Афғонистон аз тавофуқи пинҳонии Амрико ва гурӯҳи Толибон ибрози нигаронӣ кард.
Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи музокироти Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Доҳаи Қатар гуфт, вай нигарони тавофуқи пинҳонии ин гурӯҳ ва Амрико дар бораи ояндаи Афғонистон аст.
Ҳафт даври музокироти байни намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Қатар баргузор шуд, аммо то кунун ин музокирот дастоварде барои мардуми Афғонистон надоштааст.