Нигаронии Ашраф Ғанӣ аз тавофуқи пинҳонии Амрико ва гурӯҳи Толибон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45214-Нигаронии_Ашраф_Ғанӣ_аз_тавофуқи_пинҳонии_Амрико_ва_гурӯҳи_Толибон
Раисҷумҳури Афғонистон аз тавофуқи пинҳонии Амрико ва гурӯҳи Толибон ибрози нигаронӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 17, 2019 14:03 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Ашраф Ғанӣ аз тавофуқи пинҳонии Амрико ва гурӯҳи Толибон

Раисҷумҳури Афғонистон аз тавофуқи пинҳонии Амрико ва гурӯҳи Толибон ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи музокироти Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Доҳаи Қатар гуфт, вай  нигарони тавофуқи пинҳонии ин гурӯҳ ва Амрико дар бораи ояндаи Афғонистон аст.

Ҳафт даври музокироти байни намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Қатар баргузор шуд, аммо то кунун ин музокирот дастоварде барои мардуми Афғонистон надоштааст.