Вокуниши Русия ба таҳримҳои ҷадиди Амрико
Муовини вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, тарҳи иҷрои таҳримҳои ҷадид алайҳи ин кишвар дар Конгресси Амрико таъсире бар сиёсати Маскав нахоҳад дошт.
Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, Александр Горошко, муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфт, тарҳи пешнависи қонуни таҳримҳои ҷадиди зиддирусӣ дар Конгресси Амрико иқдоме комилан бетаъсир ва бефоида аст, ки танҳо боиси тирагии бештар ва афзоиши беэътимодӣ дар равобити ду кишвар хоҳад шуд.
Горошко афзуд, то кунун 20 пешнависи қонун дар бораи таҳримҳо алайҳи Русия дар Конгресси Амрико баррасӣ шудааст, аммо зоҳиран касоне, ки ин тарҳҳоро ироа медиҳанд, аз ин ки таҳримҳои қаблӣ ҳам натавонистааст мавозеи Маскавро тағйир диҳад, беиттилоъ ҳастанд.
Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷаи Русия, ин иқдомот натиҷаи сиёсати хориҷии ғайрисозандаи давлати Амрикост, ки танҳо равобити байналмилалро аз байн бурда ва боиси афзоиши беэътимодӣ байни ду кишвар шудааст.
Конгресси Амрико ба тозагӣ ислоҳияи марбут ба пешнависи қонуни буҷаи дифоии соли молии 2020-ро таъйид кард, ки дар он таҳримҳое алайҳи қарзҳои давлатии Русия дар назар гирифта шудааст.