Афзоиши шумори талафоти ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон
Июл 21, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
Вазири иттилоърасонии Покистон аз афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар шимоли ғарби ин кишвар ба 10 нафар хабар дод.
Ба нақл аз ИРНА, Фирдавс Ошиқ Аъвон гуфт, шумори талафот дар ҳамлаи субҳи имрӯз якшанбе ба мақарри нерӯҳои пулис дар шаҳри Дайр Исмоилхон дар наздикии шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбар Пахтунхои Покистон аз 6 нафар ба 10 нафар афзоиш ёфт.
Вай афзуд, шаш нафар аз ҷонбохтагони ҳамлаҳои имрӯзи террористҳо дар шаҳри Дайр Исмоилхон аз нерӯҳои пулис ҳастанд.